АСАРҲОИ КӮДАКОНИ РАССОМИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ШОС

Май 21, 2009 14:26

                       Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 22 май бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва Котиботи ташкилоти ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов намоиши байналмилалии расмҳои кўдаконаи «Кўдакон расми афсонаҳоро мекашанд» ифтитоҳ мегардад. Дар он 200 номгўи асарҳои кўдакони рассоми шаш давлати аъзои ШОС (Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Русия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон)ї ба маърази тамошо гузошта мешаванд.                      Дар ифтитоҳи намоиш намояндаҳои ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, устодону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат меварзанд. Дар кори намоиш муовини котиби генералии ШОС Владимир Захаров низ иштирок хоҳад кард.                      Дар доираи он барои тамошобинон хонандагони мактабҳои миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ, санъати ба номи М. Атоев ва Коллеҷи ҷумҳурияии хореографии ба номи М. Собирова бо барномаи консертии хотирмон баромад мекунанд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, мақсад ва вазифаҳои ин намоиш таъмини сулҳ дар минтақа, тарғиби ғояҳои ватандўстӣ, эҳтироми фарҳанги якдигар, ба ин роҳ мустаҳкамгардонии алоқаи байни давлатҳо мебошад.                      Бояд ёдовар шуд, ки намоишномаи «Кўдакон расми афсонаҳоро мекашанд» бори аввал соли 2005 дар шаҳри Пекин баргузор гардида, дар он 800 номгўи асарҳои рассомӣ ба намоиш гузошта шуда буд.                     Муаллифони асарҳои беҳтарин бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Май 21, 2009 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид