АСАРИ НАВИ ТЕАТРИ «ЛӮХТАК»
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 6 июн дар Театри давлатии «Лӯхтак» нахустнамоиши асари саҳнавӣ «Нури хуршед» аз рӯи намоишномаи драмматурги машҳури румӣ А. Попэско ба саҳна гузошта мешавад. Намоиши мазкур мазмуни баланди лирикӣ дошта, дар бораи дӯстии мушак бо раққосаи садафӣ, ки баҳри ин дӯстиву рафоқат онҳо тайёранд, ҷони худро нисор кунанд, ҳикоят мекунад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар театри «Лӯхтак» хабар доданд, ҳунармандон 2 сол боз ният доштанд, ки ин асарро ба саҳна гузоранд. Коргардони он Зафар Ҷаводов буда, дар он нақши асосиро Маҳинбону Ҳасанова иҷро менамояд. Ба наздикӣ намояндагони Вазорати фарҳанг ин намоишномаро қабул карда, ба он баҳои сазовор доданд. Ҳунармандони театр умед доранд, ки асари саҳнавӣ ба тамошобинон писанд хоҳад омад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






