АВВАЛИН КӮМАК АЗ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАР
Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯзҳо ба зарардидагони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон кӯмакҳои башардӯстона ворид мегарданд. Бино ба иттилои ҷонишини сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Миралӣ Ҳалимов, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда ба зарардидагони деҳа кӯмаки аввалия дар шакли; 35 хайма, 250 комплекти ҷои хоб, 100 зарфи обгирӣ ва ҳамин қадар сатилҳои пластикию лавозимоти ошхона ворид намуд. Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боронҳои сели рӯзҳои 20-21-уми моҳи апрел об аз каналҳои обпарто берун омада, тамоми деҳаро зери лой монда, 70 хона зери обу лой ва 25 хона пурра нобуд гардидидааст. Даҳҳо сар чорвои майда ва калони шохдор талаф шуд. Ба сокинони деҳа омад кард, ин фалокат рӯзона рух дод, вагарна дар сурати шабона сар задании ҳодиса тамоми аҳолии деҳа нобуд мешуд. Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳаҷми хисоротро муайян мекунад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






