БА ҲАР ЯК ИШТИРОКЧИИ ҶБВ 350 СОМОНӢ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд. Дар машварат натиҷаҳои чормоҳаи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, вусъат додани корҳои созандагӣ ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки буҷети давлатӣ дар 4 моҳи соли равон ба ҳадди 91% иҷро шуд ва афзоиши ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 3,6% — ро ташкил дод. Таваррум бо ҳисоби пешакӣ дар ҳаҷми 1,3 — 1,4% ба қайд гирифта шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини бахши иқтисодиёти Ҳукумати мамлакат оид ба таъмини даромади буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии соҳаҳои буҷетӣ ва пардохти маошу нафақа дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба муҳайё намудани фазои мусоиди рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкории хусусӣ дастур дод, ки механизми «Равзанаи ягона» ҳарчи зудтар фаъол гардонда шавад.Таваҷҷӯҳи махсус ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат зоҳир гардид. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда — 1 ва Сангтӯда — 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Нуробод-1 ва Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ҳамчунин бунёди 50 нерӯгоҳи хурди обӣ тезонда шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба гузаштан ба фурӯзандаҳои каммасраф иттилоъ дод, ки барои таъмини 241 ҳазор оилаи камбизоат 16 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҳукумати мамлакат ҷудо карда шуд ва ҳамзамон соҳибкорону тоҷирони соҳибимкони кишварро даъват намуд, ки дар ин кор саҳмгузор бошанд ва ба аҳолии камбизоат дар харидории фурӯзандаҳои каммасраф дасти кӯмак дароз намоянд.Роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки оид ба кам кардани сафарҳои хизматӣ, дигар хароҷоти идорӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои судбахш андешанд. Таъкид гардид, ки тамоми чорабиниҳои идонаю оммавӣ ва конфронсу семинарҳо низ бояд бе хароҷоти зиёд гузаронда шаванд.Ба Вазири маориф дастур дода шуд, иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба интихоби хатмкунандагони болаёқати мактабҳои миёна барои дар хориҷа хонондан ва ҳамчунин дар бораи истифодаи телефонҳои мобилӣ аз ҷониби хонандагону донишҷӯён ва ба тартиби муайяншуда гузарондани маросими хатми соли таҳсил таъмин намояд. Ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки ба ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 9 — уми май 350 сомонӣ кӯмаки яквақтаи пулӣ ҷудо карда шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






