БА КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ МЕГУЗАРЕМ
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бархе корхонаҳои кишвар ба системаи нави пардохти ҳақмузд ва дигар хароҷоти идоравӣ гузаштаанд. Бояд қайд намуд, ки минбаъд кормандони онҳо маоши худро тариқи кортҳои пластикӣ дарёфт мекунанд. Ин навъи пардохти маошро таҳлилгарон усули манфиатовар медонанд. Акнун бархе аз корхонаҳои кишвар барои гузаштан ба системаи нави кортҳои пластикӣ шурӯъ карданд. Гуфта мешавад, ки пардохт кардани маоши кормандони корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ва тарабхонаҳо тариқи кортҳои пластикӣ дар кишварҳои хориҷа чандин солҳо қабл ҷорӣ шуда буд. Феълан ин система дар корхонаҳои Тоҷикистон низ роҳандозӣ мегардад. Тавре Абдуқодири Абдуқаҳҳор директори радиои Тоҷикистон зикр намуд, Кумитаи ТВР тасмим гирифтааст акнун тариқи кортҳои пластикӣ барои кормандонашон маош диҳад. Ҳамчунин номбурда дар идома гуфт, ки кормандони кумитаашон аз роҳандозии чунин системаи нав изҳори хушнудӣ кардаанд. Инчунин мусоҳиби дигар Мадина Мирзоева, сардори шӯъбаи кор бо низомҳои пардохти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Агроинвестбонк дар робита ба кортҳои пластикӣ гуфт, тариқи кортҳои пластикӣ пардохт кардани маоши кормандони корхонаҳо метавонад барои сарфи вақти кормандон мусоидат намояд. Зеро ба гуфтаи вай кормандон метавонанд дар дилхоҳ вақт маблағи худро аз банкоматҳо бигиранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






