БА НАФАҚАХӮРОН ҒАМХОРӢ ЗОҲИР КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 18 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», «Дар бораи яроқ», Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 18 май баррасӣ гардиданд. Масъалаҳои мазкурро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Абдураҳмон Азимов ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Зоиров шарҳ доданд. Онҳо зикр карданд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур ҷиҳати коҳиш додани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ба танзим даровардани ҳолати роҳҳо ва ҳимояи ҳифзи иҷтимоии сокинони мамлакат, бахусус нафақахӯрон таҳия гардидааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






