БА ПОЙТАХТ – БА МУСОБИҚА
Суғд. 6 май (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Тибқи фармони Вазири маорифи Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2009, таҳти рақами 245 «Дар бораи баргузории Бозиҳои варзишии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ташвиқи варзиш байни муҳассилин, беҳдошти саломатии ҷавонон, густариши тарзи солими ҳаёт ва ба истиқболи 20-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, дирӯз дар шаҳри Хуҷанд Спартакиадаи Варзишгарон — муҳассилини макотиби олии қаламрави Суғдзамин доир гардид. Дар ин мусобиқоти маҳорат, зебоӣ ва чусту чолокӣ варзишгарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кадом дастовардҳоро соҳиб гардиданд? Ба пурсиши хабарнигори мо мудири кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ»- и донишгоҳ Р. Сафаров чунин посух дод. — Ба истиқболи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармони Вазири маорифи кишвар аз санаи 2 то 6 апрели соли равон бозиҳои варзиши сабук, дюздо, гуштини миллӣ, самбо, тенниси рӯи миз, футболи хурд ва шоҳмот баргузор гардиданд. Дар бозиҳои мазкур донишҷӯён — варзишгарони мо туфайли тайёрии пухта дар аксар намуди варзиш ғолибиятро ба даст оварданд. Масалан, дар мусобиқоти гӯштини миллӣ, «Самбо», «Дюздо» ёздаҳ нафар ҷои аввал, нӯҳ нафар ҷои дуюм, ёздаҳ нафар ҷойҳои сеюмро ишғол карданд. Дар мусобиқаи валейболбозон дастаи писаронаи мо ҷои аввал ва дастаи духтаронаамон ҷои дуюмро соҳибӣ карданд. Дар намуди баскетбол бошад намояндагони донишгоҳ зинаи дуюмро сазовор гардиданд. Мусобиқоти варзиши сабук намудҳои гуногун давидан ба масофаҳои мухталиф, ҷаҳидан ба баландӣ, ҷаҳиши сегона, партофтани диск, ҳаводиҳии найзаро дар бар мегирифт. Дар ин намудҳои қуввасанҷӣ ҳафт нафар варзишгар ҷои аввал, даҳ нафар ҷои дуюм ва се нафар лоиқи ҷои сеюм гаштанд. Мусобиқаи боксчиён собит сохт, ки дастаи ДДҲБСТ аз ҳама беҳтарин аст. зеро чор нафар варзишгарони мо соҳиби ҷои аввал, се нафар сазовори ҷои дуюм шуданд. Дар ҷамъбасти намуди футболи хурд дастаи донишгоҳ сазовори зинаи сеюм гардид. Умуман, ҳайати дастаи донишгоҳи мазкур нисбати солҳои пешина дар Бозиҳои варзишии мактабҳои олии вилоят хубтар баромад карда, дар ҷамъбаст сазовори ҷои дуюм, ва ҳам Ифтихорномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд гаштанд. Бештар аз 60 нафар варзишгарони донишгоҳ ба ҳайати дастаи яккачини вилояти Суғд шомил гардида, ҳуқуқи дар Бозиҳои варзишии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданро соҳиб шуданд. Зикр кардан айни матлаб аст, ки мусобиқоти зикршуда аз 12 то 18 майи соли равон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.








Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд






