БАРҚИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ОШЁИ ҶАНУБӢ ИНТИҚОЛ МЕЁБАД

Май 12, 2009 15:18

                          Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осаф Алии Зардорӣ ва президенти Давлатии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай 8 май дар Вашингтон бо раиси Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот изҳор карда шуд, ки Афғонистону Покистон тайёранд ҳамкории иқтисодии минтақавиро густариш диҳанд. Ҳар ду ҷониб паймон карданд, ки ба хариду фурӯши қувваи барқ дар байни мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ мусоидат хоҳанд кард.                  Тибқи паймони сеҷониба дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хатҳои баландшиддати интиқоли барқ кашида мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистон ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ интиқол дода шавад. Қайд карда шуд, ки ҳанӯз соли 2007 ҳамроҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Шӯрои байниҳукуматӣ таъсис дода шуд ва он имрӯз ҳам фаъолияташро давом медиҳад. Президентҳои Покистон ва Афғонистон изҳор намуданд, ки ташкили бозори минтақавии қувваи барқ ба манфиати ҳамаи мамлакатҳои минтақа мебошад. Онҳо зикр намуданд, ки ҳамкориро бо ин мақсад бо Тоҷикистону Қирғизистон густариш диҳанд. Дар робита паймон карда шуд, ки сарони ҳар ду давлат ба ташкилоту идораҳои дахлдори мамлакатшон барои иҷрои Созишномаи байниҳукуматӣ дастурҳои дахлдор хоҳанд дод.                   Осаф Алии Зардорӣ ва Ҳамид Карзай ба кӯмаки техникии Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ, Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Осиё ва ИМА дар ҳалли ин проблема изҳори сипос намуданд. Қайд карда шуд, ки созмонҳои байналхалқии молиявии зикршуда барои сохтмони хатҳои баландшиддати барқӣ маблағ ҷудо менамоянд.                  Зимни сӯҳбат қайд карда шуд, ки кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ ба ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои энергетикаю тиҷорат мусоидат карда, имкон хоҳад дод, ки дар байни Кобул ва Пешовар роҳҳои мошингард ва оҳан сохта шаванд.                    Президентҳои Покистону Афғонистон дар фарҷоми мулоқоташон изҳороти муштарак дарҷ намуданд. Дар он барномаи пешниҳоднамудаи ИМА дар масъалаи сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва бо ин мақсад ҷудо намудани 680 миллион доллари ИМА дастгирӣ карда мешавад. Ба туфайли сохтмони хатҳои интиқоли барқ дар оянда қисми зиёди қаламрави Афғонистон ва маҳалҳои истиқоматии минтақаи шимолу ғарбии Покистон бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд.                    Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи сохтмони хатҳои мазкур бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ машваратҳо баргузор месозанд. Ин барнома бо назардошти чунин омилҳо, аз ҷумла, ҳифзи муҳити зист ва қонеъ гардондани талаботи минтақа бо захираҳои об амалӣ карда мешавад.                     Бонки рушди Исломӣ, Бонки рушди Осиё ва Бонки ҷаҳонӣ қарори мазкурро дастгирӣ намуданд. Онҳо ваъда доданд, ки барои сохтмони хатҳои интиқоли барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ маблағи заруриро ҷудо хоҳанд кард.

Май 12, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад