БАР АСАРИ САДАМА 20 НАФАР ҶАРОҲАТ БАРДОШТАНД

Май 12, 2009 15:49

                   Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар ҳафтаи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриамон 10 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 1 нафар ба ҳалокат расида 20 нафари дигар ҷароҳати гуногунӣ ҷисмонӣ бардоштанд.                    Тавре аз дафтари матбуоти БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рӯзи 4 майи соли равон тахминан соати 11 ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-24» Нуридинҷон Зокиров, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Конибодом-Ғафуров дар километри 35 ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба бетончаҳои дар канори рости роҳ буда бар мехӯрад. Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Рӯзиҷон Зокирова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ноҳияи Б. Ғафуров бистарӣ мегардад.                      Инчунин рӯзи 8 майи соли равон тақрибан соати 9 ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-2114 Вайсиддин Юсупов ҳангоми ҳаракат дар километри 12 — ум роҳи мошингарди Ғафуров-Хуҷанд ба автомашинаи тамғаи ЗИЛ-ММЗ таҳти идораи ронанда Акрамҷон Фозилов бар мехӯрад. Дар натиҷа 2 нафар мусофирони автомашинаи тамғаи ВАЗ-2114 ва ноболиғ Беҳруз Юсупов, соли таваллудаш 2005 ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказии ноҳияи Б. Ғафуров бистарӣ мегарданд.

Май 12, 2009 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад