БАР ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Май 27, 2009 16:30

                          Душанбе, 27 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Таҳкиму густариши табодули таҷриба дар бахши ҳарбию низомии Тоҷикистону Қазоқистон тақозои вақт аст», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо вазири мудофиаи Қазоқистон Дониёл Ахметов, ки имрӯзҳо бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад.                       М. Убайдуллоев ташрифи меҳмононро, ки дар чаҳорчӯбаи сиёсат ва муносибатҳои ҳасанаю дӯстонаи Сарони кишварҳо сурат мегирад, нек арзёбӣ намуд.                        Вай зикр сохт, ки ҷониби Тоҷикистон аз кӯмакҳои техникию низомӣ, таҳсил ва бозомӯзии кадрҳои низомӣ дар муассисаҳои ҳарбиву таълимӣ ва табодули таҷрибаҳои ҳарбӣ — техникӣ дар заминаи субъектҳои вазорати мудофиаи Қазоқистон қаноатманд аст. Ва дурнамои ҳамкориҳои вазоратҳои марбутаро дар самти таъмини амнияти минтақаю ҷаҳон, муборизаи дастаҷамъона алайҳи зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътимодбахш медонад.                        Таъкид шуд, ки маҳз ҳамин эътимод буд, ки ҳангоми барқарории сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ низомиёни Қазоқистон дар ҳифзи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон ҷоннисориҳо намуда, дар риояи паймони бародарӣ садоқат нишон доданд. Имрӯз чун сипоси мардуми тоҷик дар Боғи «Дӯстии халқҳо»-и Душанбе муҷассамаи ёдгорӣ барои 35 нафар фавтидагони низомии кишвари дӯсти Қазоқистон гузошта шудааст.                         Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дигари ҳамкориро, ки дар маркази таваҷҷӯҳи сарони кишварҳои дӯст қарор доранд, баррасӣ карданд.

Май 27, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд