БАРНОМАИ МИЛЛИИ ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ

Май 5, 2009 10:56

               Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар давраи иҷрои барномаи миллии табобати бемории сил комёбиҳои муайян ба даст оварда шуданд. Аз ҳисоби буҷет барои таъминоти молиявии шифохонаҳои мамлакат 3 баробар зиёд маблағ ҷудо карда, 72 духтур тайёр намуда, 14 озмоишгоҳи махсус пурра, 37 озмоишгоҳ қисман таъмир карда шуданд.               Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки таъмири куллии яке аз биноҳои шифохонаи Ҷумҳуриявии клиникии сил дар деҳаи Мачитон анҷом ёфт, дар ин ҷо шӯъбаи табобати навъи ба дору тобовари ин беморӣ ба кор шурӯъ намуд. Дар ин давра 53 адад нақлиёти санитарӣ, 70 компютер, 120 микроскопи бинокулярӣ ва 14 адад асбоб барои ташхиси беморӣ харида шуд. Дар натиҷа, ошкор сохтани беморон ва ба қайдгирифтани онҳо беҳтар гардид. Шумораи вафоти одамон аз ин беморӣ хеле кам шуд.

Май 5, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад