БАРРАСИИ САМТҲОИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дирӯз бо вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои оби Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Рашид Аҳмад ибни Фаҳд мулоқот кард. Ҳ.Зарифӣ ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб баҳои мусбат дода, мусоҳибашро даъват намуд, ки доираҳои тиҷоратии мамлакаташро ба иштирок дар сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ташвиқу тарғиб намояд. Меҳмон ба тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати ҳалли проблемаҳои истифодаи об баҳои мусбат дод. Зимни сӯҳбат самтҳои мушаххаси ҳамкории ҳар ду мамлакат муайян карда шуданд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






