БЕМОРИИ A (H1N1) МАМЛАКАТҲОИ НАВРО ФАРО МЕГИРАД
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Созмони ҷаҳонии тандурустӣ 27 май хабар дод, ки бемории A(H1N1) то имрӯз 48 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифтааст. Дар ин мамлакатҳо 13 ҳазору 398 нафар гирифтори ин беморӣ гардид. Аз, ин ҷумла, то имрӯз 95 нафар вафот кард. Хабар дода мешавад, ки бемории мазкур дар 20 мамлакати Аврупо низ ба қайд гирифта шуд. Дар Федератсияи Русия 2 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуд. Умуман дар мамлакатҳои Аврупо 376 нафари ба ин бемории хавфнок мубталогардида ба қайд гирифта шуд. Дар хабари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта мешавад, ки дар Мексика аз 4 ҳазору 541 нафари ба ин бемории хавфнок гирифторшуда 83 нафар вафот кардааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 6764 нафар ба ин беморӣ гирифтор гардид. То имрӯз 10 нафари онҳо вафот кард. Дар ин бора аз дафтари матбуоти СММ хабар доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






