БЕМОРИИ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАНӮЗ ҲАМ ЗИЁД АСТ
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мушовири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Стефан Талевски зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки теъдоди беморони сил дар Тоҷикистон хеле зиёд аст ва ин ба пешрафти соҳаи тандурустӣ таъсири манфӣ мерасонад. Тоҷикистон аз ҷумлаи 18 мамлакати ҷаҳон аст, ки шумораи беморони сил дар онҳо торафт меафзояд. Мухбири АМИТ «Ховар» менависад, ки дар робита дар мамлакат барои солҳои 2003 — 2010 Барномаи миллии маҳдуд сохтани паҳншавии бемории сил дар Тоҷикистон таҳия ва иҷро карда мешавад. Бояд гуфт, ки паҳншавии ин бемории хавфнок дар Тоҷикистон баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт. С.Талевски зикр намуд, ки Тоҷикистон баъди барҳам хӯрдани ИҶШС системаи мавҷудаи табобати бемориро нигоҳ дошта натавонист. Дар натиҷа шаклҳои ба дору тобовари беморӣ паҳн гардиданд. Дар робита барномаи миллии пешгирии паҳншавии беморӣ тартиб дода шуд. Тибқи барнома, кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ бояд дар ҷараёни ошкор сохтани беморӣ фаъолона иштирок кунанд. Вале ин дар амал мушоҳида намешавад. Қайд карда шуд, ки вақтҳои охир шумораи торафт бештари беморон ба қайд гирифта мешаванд. Дар саросари ҷумҳурӣ барои амалӣ сохтани барномаи мазкур панҷ гурӯҳи махсус ташкил карда шудааст. Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст, ки одамон бемории худро пинҳон накарда, сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд. Дар ин маврид теъдоди вафоти онҳо аз ин беморӣ хеле кам хоҳад шуд, гуфт дар хотима С.Талевски.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






