БМТ БА БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ КӮМАК МЕНАМОЯД

Май 12, 2009 17:59

                    Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бонки миллии Тоҷикистон меъёри фоизеро, ки аз бонкҳои тиҷоратӣ барои қарзҳо меситонад, ба андозаи 2 фоиз поин бурд.                   Аз маркази матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин иқдом дар асоси Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Миллӣ роҳандозӣ шудааст. Президенти ҷумҳурӣ дар Паёми худ таъкид карда буд, ки меъёри фоизи қарзҳои Бонки миллӣ аз 12 то 10 фоиз поин бурда шавад.                  Мавриди ёдоварист, ки соли равон маротибаи дуввум аст, ки меъёри фоизи қарзҳои БМТ поин бурда мешавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ он аз 13,5 то 12 фоиз поин бурда шуда буд.

Май 12, 2009 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид