БО ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ БО АФҒОНИСТОН СӮҲБАТ МЕКУНЕМ!
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Ба наздикӣ дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон хатти нави алоқаи телефонии мобилӣ ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро ба ҳам мепайвандад. Дар маросими ба истифода додани он муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия Бег Зуҳуров, сардори ширкати «Тоҷиктелеком» Музаффар Ҳимматов, сарпарасти соҳаи алоқаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қумсангир Давлатшоҳ Мақсудов , сардори филиали «Тоҷиктелеком»- и ноҳия Абдулвосеъ Ҳабибов, намояндаи Асосиатсияи операторони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон Ғаффор Эркаев, сардори ширкати «ТТ -мобайл» Гулмаҳмад Қаюмов, сардори ширкати мобилии «Индиго» Баҳриддин Наҷмиддинов, сардори ширкати Интернет-провайдер Абўбакр Шарифов ва дигар масъулини соҳаи алоқа ширкат варзиданд. Муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Бег Зуҳуров дар маросими кушодашавии нахустин маркази мухобиротӣ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон ба хабарнигорон гуфт, ки минбаъд шаҳрвандони ин ду кишвари ҳамсоя метавонанд бе мушкилӣ бо сифати аъло ва нархи арзон бе малол сўҳбат намоянд. Ў ҳамчунин афзуд, ин дар ҳолест, ки қаблан ҳангоми сўҳбат бо Тоҷикистон ва ё аз ин кишвар ба Афғонистон шаҳрвандон сараввал ба Ҷумҳурии Русия пайваст мешуданд ва ин нарх ба ҳар дуи кишвар хело ҳам гарон буд. Маҳз бо кўмаки бевоситаи Президенти мамлакат Э.Раҳмон, Ҳукумати ҶТ ва оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» 250 км, яъне аз шаҳри Душанбе то мавзеи Қарадум ё худ Панҷи поён ва 4 км дигар дар қаламрави Афғонистон хатти алоқаи телефонӣ кашида шуд. Ин пайвастшавӣ ба фоидаи ҳар ду кишвар хоҳад буд, гуфт ў. Хароҷоти он мегўяд, Бег Сабурович, қариб 15 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. — Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчунин тасмим дорад, чунин база ва хатҳои алоқаро бо Ҷумҳурии халқии Чин аввалҳои моҳи сентябр васл кунад. Сардори филиали «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Қумсангир Абдулвосеъ Ҳабибов, дар сӯҳбат бо хабаргинорон гуфт, ки Тоҷикистон ҳам имрўз яке аз давлатҳои транзитӣ ба шумор меравад. Маҳз ин иқдоми мо метавонад сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад. Байни оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва «Афғонтелеком» созишнома ба имзо расид. Ин иқдоми пешгирифта аз фоида холӣ нахоҳад буд, гуфт Ҳабибов. Намояндаи Ассосиатсияи операторони телефонхои мобилӣ Ғаффор Эркаев низ аз кушодашавии хати нави алоқаи телефонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Бино ба иттилоои сардори ширкати «Индиго Тоҷикистон» Баҳриддин Наҷмиддинов, нархи хизмати алоқаи телефонии миёни Афғонистон ва Тоҷикистон 30 фоиз коҳиш ёфт. Ў афзуд, ки васл кардани хати алоқа муддати як моҳ давом намуд ва дар ин муддати кўтоҳ гарчанде кормандони ин ҷамъият ба мушкилот рў ба рў ҳам шуда бошанд, лекин онҳо аввалин шуда, ба муваффақияти муҳим ноил гаштанд. Дар ҳамин радиф корманди масъули вазорати мухобиротии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Рамазон Сабот зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки аксари минтақаҳои Афғонистон бо мухобирот ва алоқаи мобилӣ дастрасӣ надоранд. Дар фарҷоми ҷамъомад Бег Зуҳуров ба 18 нафар коргари пешқадам мукофотҳо супорид.








ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид






