БОНКИ ҶАҲОНӢ АЗ ТОҶИКИСТОН ПУШТИБОНӢ МЕКУНАД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раиси минтақаи Бонки ҷаҳонӣ Моту Конишӣ ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар иброз дошт, ки бонки мазкур ҳамаи лоиҳаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди рафъи бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастгирӣ мекунад. Барои лоиҳаҳои дигари ҷумҳурӣ дар соҳаи кишоварзӣ кӯмакҳои дигареро ироа мекунад. Аммо кӯмакҳои молиявӣ он вақт роҳандозӣ мешаванд, ки агар дар давоми 18 моҳ қарзҳои дар соҳаи пахтакорӣ пурра ба бонкҳо баргардонида шаванд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозпасгардонии кӯмакҳои молиявӣ кафолат диҳад. Вазирони рушди иқтисод ва савдо ва молияи ҷумҳурӣ вазъи бӯҳрони молиявии Тоҷикистонро аз кам шудани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҷумҳурӣ, поён рафтани нархи пахта ва алюминӣ дар бозори чаҳонӣ арзёбӣ намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






