БОНКИ МИЛЛИИ ШВЕЙТСАРИЯ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД

Май 28, 2009 13:05

                          Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 27 май бо раиси Бонки миллии Швейтсария Жан Пер Ротта мулоқот кард.                          Раиси Бонки миллии Швейтсария баъди анҷоми мулоқоташ бо Сарвари давлат зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки Бонки миллии Швейтсария бештар аз даҳ сол боз бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ман ба Президент роҷеъ ба масъалаҳое маълумот додам, ки онҳоро ҳамроҳи раиси Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор додем. Мо бо Тоҷикистон дар се соҳа — таълим додан ва омӯхтани кормандони бонкҳо, ба онҳо омӯхтани сиёсати пул ва аз худ кардани илми информатика дар соҳаи молия самарабахш ҳамкорӣ карда метавонем, гуфт Ж. П.Ротта.                         Қайд карда шуд, ки дар давоми даҳ соли охир дар соҳаи молияи Тоҷикистон ва фаъолияти бонкҳои он тағйироти ҷиддии мусбат ба амал омадаанд. Мо дар оянда низ кӯшиш хоҳем кард, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон кӯмаки зарурӣ расонем. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ба ман хабар дод, ки парлумони мамлакат дар бораи Бонки миллӣ қонун қабул кардааст. Қабули чунин қонун самаранокии фаъолияти Бонки миллиро афзунтар мегардонад, гуфт дар хотима раиси Бонки миллии Швейтсария.

Май 28, 2009 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид