БОЗДИДИ МУНШИИ УМУМИИ ЮНЕСКО АЗ ҲУЛБУК
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Муншии умумии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рафт. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки меҳмони баландпоя зимни боздид аз минтақа пеш аз ҳама қалъаи қадимаи Ҳулбукро тамошо кард. Мизбонон дар бораи таърихи қалъа, ҳамчун ёдгории таърихии дорои аҳамияти стратегӣ маълумоти мухтасар доданд. Қайд карда шуд, ки аз минтақаи мазкур дар байни Шарқу Ғарб роҳҳои сершумори корвонгард тӯл мекашиданд. Зикр шуд, ки Ҳулбук тақрибан ду ҳазор сол пеш, яъне ҳанӯз қабл аз ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Марказӣ вуҷуд дошт. Мутахассисон ба меҳмон дар бораи ҷараёни таҳқиқоти бостоншиносӣ ва тармиму таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ нақл карда, шабакаи гармидиҳӣ ва тоза кардани обро нишон доданд, ки дар ин ҷо дар замонҳои қадим вуҷуд доштанд. Дар ҷараёни шиносоӣ бо қалъаи Ҳулбук пешниҳод шуд, ки он ба рӯйхати ёдгориҳои муҳимтарини таърихии Ҷодаи бузурги абрешим дохил карда шавад. Муншии умумии ЮНЕСКО дар Кӯлоб мақбараи Мирсаид Алии Ҳамадониро зиёрат кард. Ба Коичиро Матсуура дар бораи натиҷаҳои ҳафриёти бостоншиносӣ маълумоти мукаммал дода шуд, ки моҳиятан дар бораи таърихи 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб шаҳодат медиҳанд. Меҳмон дар фарҷоми сафар бо намоишгоҳи маснуоти ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла, либосҳои чакан ва асбобҳои мусиқӣ шинос шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






