БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ АЗ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Душанбе, 24 май (АМИТ «Ховар» Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова) Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич зимни сафараш дар Тоҷикистон бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Хорватия баъди анҷоми ин мулоқот ҳамроҳи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Окил Окилов ба шаҳри Турсунзода рафта, бо фаъолияти корхонаи бузурги саноатии мамалакат — Ширкати Алюминии Тоҷикистон шинос гардида, баъдан осорхонаи корхонаро тамошо хоҳад кард. Тибқи барномаи сафар, Президенти Хорватия пагоҳ ба шаҳри Хуҷанд меравад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






