БОЗОРҲОИ ШАҲР БА ТАЛАБОТИ СТАНДАРТИ ДАВЛАТӢ ҶАВОБГӮ НЕСТАНД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Имрӯз ягон бозори шаҳр ба талаботи стандартӣ ҷавоб дода наметавонад, ҳамаи онҳо дар шароити ногувори санитарӣ қарор доранд»,- дар ин бора дар маҷлиси Агентии «Тоҷикстандарт» муовини раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Абдувохид Шералиев сухан ронд. Дар маҷлис директори Агентии «Тоҷикстандарт» Давлаталӣ Ҳотамов, кормандони масъули агентӣ, муовинони раисони 4 ноҳияи шаҳр ва роҳбарони бозорҳо иштирок карданд. Д. Ҳотамов қайд намуд, ки «вазъи имрӯзаи бозорҳо ташвишовар аст. Сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ — яке аз проблемаҳои ҷиддии бозорҳои Тоҷикистон аст. Кормандони агентӣ аз аввали сол то имрӯз фаъолияти 293 бозорро тафтиш карданд. Маълум гардид, ки қариб ҳар рӯз ҳуқуқи истеъмолкунандагон поймол мегардад ва ин дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд». Дар рафти маҷлис сардори идораи назорати савдои «Тоҷикстандарт» Нарзулло Шарипов иштирокунандагонро бо камбудиҳо дар соҳаи хизматрасонӣ ва нигоҳдории мол дар бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Маяковский» шинос кард. Ба роҳбарони ин бозорҳо супориш дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар рӯзҳои наздик бартараф созанд. Дар охир Д. Ҳотамов дар бораи ба эътидол овардани талаботи бозорҳои ҷумҳурӣ ва беҳтар кардани сифати маҳсулоти саноатӣ қайд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






