БОЗЁФТҲОИ АРХЕОЛОГӢ БА ҲУЛБУК БАР МЕГАРДАНД

Май 8, 2009 12:06

                      Восеъ, 8 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Мусаввараҳои деворӣ ва сиккаҳои аз Қасри Шоҳони Ҳулбук, бозёфтшуда ки дар эрмитажи давлатии Санкт- Петербурги Русия маҳфузанд, дубора ба мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук баргардонида мешаванд. Ин бозёфтҳо зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар солҳои 70-уми асри гузашта аз зери вайронаҳои Қасри шоҳони Ҳулбук дар ҷануби кишвар пайдо шуда буданд, вале бо далели он, ки Тоҷикистон яке аз ҷамоҳири Шӯравӣ маҳсуб меёфт, бозёфтҳои мазкур ба осорхонаи маъруфи Санкт — Петербурги Русия интиқол дода шуданд. Шералӣ Хоҷаев, сармутахассиси шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати Фарҳанг мегӯяд, солҳост, дар мавриди баргардонии ин мусаввараҳои деворӣ ба Тоҷикистон, ки арзиши баланди таърихӣ доранд, гуфтугӯ идома дошт ва ахиран масъулини эрмитажи Сакт- Петербург барои баргардонии ёдгориҳои мазкур изҳори омодагӣ намудаанд.                   Ҳарчанд ба қавли масъулин, мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук аз ҳисоби бозёфтҳои бостоншиносӣ ғанист, аммо ҳанӯз ҳам ҷои мусаввараҳои деворӣ ва сиккаҳои аз ин қасри кӯҳан пайдо шуда холист. Бо ин вуҷуд, ки Абдулло Хоҷазода, директори ин мамнӯъгоҳ мегӯяд, дар осорхона беш аз 2 ҳазор номгӯи бозёфтҳои нодир нигаҳдорӣ мешавад. Вай мегӯяд, охирин чизе, ки ба мамнӯъгоҳ ворид шуд, 60-номгӯи гулдӯзиҳои нодир мебошад. Ба гуфтаи ӯ гулдӯзиҳо, ки ҳамакнун моли осорхона гардиданд, аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз дасти қочоқчиён гирифта шудааст.                    Харобаҳои Қасри шоҳони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъи минтақаи Кӯлоб мутаалиқ ба асрҳои 9 ва 11 милодист, ки аз аввали асри 20-диққати муаррихон ва бостоншиносонро ба худ ҷалб намудааст. Бостоншиносон мегӯянд, аз лиҳози сохт ва ороишоти дарунӣ ин қаср дар ҷаҳон назир надорад.                   Ахиран, ҳукумати Тоҷикистон низ аз ЮНЕСКО, бахши фарҳангии Созмони миллати муттаҳид даъват кард, то ин ёдгории таърихиро дар феҳрасти ҳифозатии ин созмон ҷой диҳад.                   Бад ин хотир, рӯзи 5-уми майи соли равон дабири созмони ЮНЕСКО аз харобаҳои ин қаср дидан кард ва ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор додааст.   

Май 8, 2009 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд