БУНЁДИ МАҒОЗАИ ДУОШЁНА ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 18 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мӯъминобод сохтмони як мағозаи ду ошёнаро дар маркази ноҳия оғоз кард. Исуф Давлатов раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия вобаста ба ин мавзӯъ гуфт: «Бо дастгирии раёсати Тоҷикматлубот ва Ҷамъияти матлуботи вилоят сохтмони мағоза оғоз гардид, ки иборат аз 2 ошёна буда, маблағи 40 ҳазор сомониро дар бар мегирад». Ба гуфтаи ин манбаъ сохтмони мағоза идома дошта, дар кори сохтмон 30 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Мувофиқи нақша дар дохили мағоза маҳсулоти ниёзи мардум аз тарафи ҷамиъяти матлубот ба фурӯш бароварда мешавад. Мавриди зикр аст, ки баҳри ба итмом расидани мағоза маблағи 60 ҳазор сомонӣ зарур меояд. Айни ҳол аз тарафи ҷамъияти матлубот дар бозори маркази ноҳия сохтмон барои 36 ҷои нишаст ва 6 дӯкони фурӯши гӯшт ба роҳ монда шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






