БУНЁДИ НУФУСИ СММ БА САЛОМАТИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРӢ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Намояндагии Бунёди нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон 13 май ба муносибати 40 — солагии таъсиси он, 15 — солагии қабули барномаи тадбирҳои амалӣ сохтани қарорҳои конфронси байналхалқӣ бахшида ба вазъи зиндагии аҳолӣ, инчунин нақшаҳои тайёрӣ ба гузаронидани саршумори аҳолии Тоҷикистон дар соли 2010 нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он мудири масъули Бунёди нуфуси СММ роҷеъ ба Тоҷикистон Метю Каханэ иштирок намуд. М.Каханэ зикр намуд, ки Бунёди нуфуси СММ масъули ҳаллу фасли проблемаҳои рушд мебошад. Бунёди нуфуси СММ барои эҳтироми ҳуқуқи ҳар фард — мардону занон ва кӯдакон, таъмини ҳуқуқи онҳо ба саломатӣ ва истифодаи имкониятҳои баробар дар масъалаи истифода аз хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд. Бунёди нуфус маълумоти демографиро дар бораи саршумори аҳолӣ барои муайян намудани сиёсати кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар сохтани саломатии мардум истифода мебарад. Намояндаи Бунёди нуфуси СММ дар Тоҷикистон Зӯҳро Аҳмадова афзуд, ки ҳадафҳои фаъолияти созмон беҳтар сохтани шароиту сифати зиндагии аҳолӣ бо роҳи амалӣ сохтани барномаҳои барқарор сохтани саломатӣ, таъмини рушд, ба нақшагирии оила, таъминоти аҳолӣ бо дору, таъмини бехатарии ҳаёти модару кӯдак ва ғайра мебошанд. Бунёди нуфуси СММ ҳар сол барои дастрас намудани воситаҳои пешгирикунандаи ҳамли занон ба Тоҷикистон ба маблағи 160 ҳазор доллари ИМА дору ва воситаҳои зарурӣ ворид месозад. Бунёди мазкур 20 ноҳияи мамлакатро ба рӯйхати махсус дохил намудааст, ки ба аҳолии онҳо мувофиқи тартиботи муқарраргардида дору тақсим карда ва хизматҳои тиббӣ расонда мешаванд. Созмон дар чор минтақаи ҷумҳурӣ 11 таваллудхонаро таҳти сарпарастии худ қарор додааст. Бо кӯмаки он дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 120 мутахассиси соҳаи тиб тайёр карда шуд. Инчунин, ҳодисаҳои вафоти модарон дар шифохонаҳо ба таври махфӣ тафтиш карда, сабабҳои он муайян карда мешаванд. З.Аҳмадова зикр кард, ки дар давоми солҳои 2008 — 2009 ба Тоҷикистон ба маблағи бештар аз 460 ҳазор доллари ИМА дору ва асбобу анҷоми тиббӣ ворид карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






