ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади кам кардани таъсири манфии бӯҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти ноҳия аз 19-уми феврали соли 2009 қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пешгирии бӯҳрони молиявӣ» қабул карда шуд. Тибқи қарори мазкур, таъмини иҷрои қисми даромади буҷет дар ҳар семоҳа ҳатмӣ дониста шуд. Дар давоми семоҳаи якуми соли 2009 қисми даромади буҷет ба ҷои 8 млн. 413 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 8 млн. 800 ҳазор сомонӣ ё 104,6 фоиз иҷро гардид. Дар қарор самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳо, роҳ надодан ба хароҷоти ғайрисметавӣ махсус қайд гардидааст. Ба ақидаи комиссияи зиддибӯҳронии молиявии ноҳия, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти озуқавории истеҳсоли худӣ, истифодаи самараноки замин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дар шакли маҳсулоти тайёри саноатӣ ба фурӯш мондани маҳсулоти пахта аз омилҳои асосии пешгирикунандаи бӯҳрони молиявӣ дониста шудааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






