ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ МАСКАВ БОЗ МЕГАРДАД
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ фармон медиҳам: 1. Таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе маъқул дониста шавад. 2. Фаъолияти филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия амалӣ карда шавад. 3. Қабули довталабон ва аттестатсияи хатмкунандагони филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи талабот, тартиб ва мӯҳлати аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов муқарраргардида ба роҳ монда шавад. 4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар давоми як моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанберо ҳал намоянд. 5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили 2009-2010 шурӯъ намуда, маблағгузории филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанберо аз ҳисоби буҷети давлатӣ таъмин намояд. 6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии муваққатӣ ва тамдиди бақайдгирии муваққатии омӯзгорон ва кормандони хориҷиро, ки аз тарафи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе даъват мешаванд, таъмин намоянд. 7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.8. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Р.А. гузошта шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонш. Душанбе 6 майи соли 2009№655








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






