ДАР ДУШАНБЕ КОЛЛЕҶИ ИДОРАИ САРҲАДҲОИ САҲА КУШОДА ШУД

Май 28, 2009 15:13

                         Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Коллеҷи идораи сарҳадҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо кушода шуд. Ба ин муносибат ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, сафири Юнон Мара Маринаки, роҳбарияти Артиши марзбони ҷумҳурӣ, сафирон ва намояндагони мамлакатҳои аъзои САҲА, инчунин кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.                         Дар коллеҷ афсарони калони ҷузъу томҳои марзбони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои САҲА ва Афғонистон таҳсил мекунанд. Дар ин ҷо, инчунин, маркази тадқиқоти проблемаҳои сарҳад ташкил карда мешавад.                          Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки дар таърихи созмон бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона коллеҷи махсуси идораи сарҳадҳо кушода мешавад. Мо боварӣ дорем, ки муносибатҳоямон бо САҲА минбаъд вусъат хоҳанд ёфт.                         Сафири Юнон Мара Маринаки зикр кард, ки ҳукумати мамлакаташ соли 2009 барои оғози фаъолияти коллеҷ 80 ҳазор евро ҷудо мекунад. Сафири Норвегия гуфт, ки мамлакаташ ба коллеҷ ба маблағи 170 ҳазор евро кӯмак хоҳад расонд.                           Роҳбари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Владимир Пряхин дар фарҷоми ҷамъомад роҷеъ ба таъминоти молиявии фаъолияти коллеҷ сухан ронда изҳор намуд, ки бо ин мақсад дар давоми 7 соли оянда 5 миллион евро ҷудо карда мешавад. Барои ташкили оғози фаъолияти коллеҷ 2 миллиону 300 ҳазор евро лозим аст, гуфт вай.

Май 28, 2009 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад