ДАР ДУШАНБЕ НАХУСТИН ОЛИМПИАДА ОИД БА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ ШАБАКАВӢ ОҒОЗ МЕШАВАД
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 27-28 май дар Душанбе дар чаҳорчўбаи Барномаи иттилоотии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад — Тоҷикистон Олимпиадаи CISCO оид ба технологияҳои иттилоотии шабакавӣ баргузор мегардад. Академияи Шабакавии CISCO, ки дар назди Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амал мекунад, бо дастгирии Шўъбаи Тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад — Тоҷикистон, инчунин бо кўмаки техникиии Бунёди Ҷамъиятии Ташаббуси Шаҳрвандии Сиёсати Интернет дар Тоҷикистон гузаронидани нахустин Олимпиадаи "NetRiders Tajikistan 2009" -ро дар нақша дорад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷамъияти Кушода» хабар доданд, мақсади асосии гузарондани Олимпиада дар байни ҷавонон маъмул гардондани ТИК ва мусоидат ба рушди захираҳои башарӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникативӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаи васеи иттилоотӣ ва додани имконият ба ҷавонони Тоҷикистон дар бобати нишон додани малакаю истеъдоди худ, инчунин ёрӣ расондан ба онҳо баҳри баланд бардоштани боварӣ ба қувваю дониши худ мебошад. Дар Олимпиада шунавандагони Академияҳои Шабакавии Сisco, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд, инчунин ҳамаи хоҳишмандон аз ҷумлаи донишҷўёни мактабҳои олии ҶТ метавонанд иштирок кунанд. Ҳангоми кушодашавии Олимпиада 27 маи соли 2009 дар Маркази илмию патентии ҷумҳурӣ ширкати намояндагони вазорату идораҳо, бонкҳо, роҳбарони мактабҳои олӣ, провайдерҳои Интернет ва алоқаи мобилии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои мамлакат иштирок хоҳанд кард. Сармоягузори байналмилалии мусобиқа ширкати «Cisco Systems International B.V.» (Нидерландия), сармоягузорони Олимпиадаи "NetRiders Tajikistan 2009" ҶСШП «Вавилон Мобайл» ва ҶММ «Вавилон-Т» мебошанд. Ғолибони олимпиада аз ҷониби сармоягузорон — ширкатҳои «Вавилон-Т» ва «Вавилон-М» бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд. Шўъбаи Тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад ҷоизаи махсус — ноутбукро барои ғолиби озмун аз ҷумлаи хонумон муқаррар кардааст. Академияи CISCO 9 иштирокчии беҳтаринро аз байни донишҷӯёни мактабҳои олии ҶТ интихоб менамояд. Ғолибон ҳуқуқи таҳсили бепулро дар Академияи Шабакавии Cisco-и назди Маркази ТИК-и шаҳри Душанбе аз рӯи барномаҳои CCNA, ITE, ITE I,II пайдо менамоянд. Академияи CISCO аз тарафи ширкати Cisco Systems — лидери ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои шабакавӣ (Калифорния, ИМА) таъсис шудааст. Барномаи Академияи Cisco дар 168 мамлакат, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Украина фаъолият мекунад. Дар он зиёда аз 2 млн. шунавандагон таълим гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд






