ДАР КӮМАК СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРКӢ
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз баъди анҷоми мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул изҳор намуд, ки дар ҷараёни гуфтушунид маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳо ва ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Мо, аз ҷумла, масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, сохтмон, саноати сабук, туризм, нақлиёт ва кишоварзӣ муҳокима кардем. Қарор дода шуд, ки нимаи аввали соли 2010 дар Тоҷикистон намоишгоҳи молҳои сохти Туркия ташкил карда шавад. Туркия ба Тоҷикистон барои ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ кӯмаки техникӣ мерасонад. Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки зимни сӯҳбат масъалаҳои минтақавию байналхалқӣ, аз ҷумла, проблемаҳои паҳн гардидани маводи нашъадор, мубориза ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ муҳокима шуданд. Боварии комил дорам, ки сафари Президенти Туркия ба равнақу ривоҷи бештари муносибатҳои мо мусоидат хоҳад кард, гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Президенти Туркия зикр кард, ки мамлакаташ ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди гидроэнергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои об, соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва ғайра давом медиҳад. Мо ба Тоҷикистон дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон кӯмак мерасонем, гуфт Абдулло Гул. Вай қайд кард, ки барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Туркия ҷойҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Абдулло Гул дар фарҷоми сӯҳбат ба халқи тоҷик вобаста ба ҳисороти калони боришҳои тӯлонӣ дар давоми моҳҳои апрел ва май ҳамдардӣ баён намуд. Вай ваъда дод, ки Ҳукумати Туркия ба зарардидагон кӯмаки хайрия мерасонад.








ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст






