ДАР МӮЪМИНОБОД БИНОИ МАКТАБ ТАЪМИР ГАРДИД
Мӯъминобод 19 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар Паёми имсолаи сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки пешрафти ҷомеа таваҷҷӯҳи махсуси Президенти мамлакат равона карда шуд, ки минбаъд аз масъулини соҳа андешидани тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбия ва дар робита ба таъмини пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд. Дар ҳамин росто бо мақсади таъмиру тармими мактабҳо дар водии Кӯлоб корҳои назаррасе ба сомон расонида шудааст. Таи солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ аксари мактабҳои кишвар таъмиру тармим ва азнавсозӣ карда шуданд. Фақат дар ноҳияи баландкӯҳи Мӯъминободи вилояти Хатлон давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ бинои панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1, ки ҳанӯз солҳои 70- уми асри гузашта сохта шуда буд, давоми даҳсолаҳои охир таьмири умумӣ нагардида, дар ҳоли ҳузновар қарор дошт. Бо ташаббуси кумитаи падару модарон, дастгирии ҳукумати маҳаллӣ ва маблағгузории ташкилоти ғайридавлатии КАРИТАС-и Швейтсария бинои сеюми мактаби мазкур аз таъмир бароварда шуд. Бояд қайд намуд, ки барои таьмири бинои сеюми мактаб 136 ҳазору 400 сомонӣ масраф гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулдаст»-и ноҳияи Мӯъминобод ба иҷро расонидааст. Дар маросими ботантана ба истифода супоридани бино раиси ноҳия, мудири маориф ва аҳли ҳозирин миннатдории хешро ба ташкилоти ғайридавлатии КАРИТАС ва сохтмончиён изҳор намуданд. Ҳамакнун 1010 нафар хонанда имкон пайдо намуданд, ки дар синфхонаҳои замонавӣ дар ду баст ба таълим фаро гирифта шаванд.








Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






