ДАР МӮЪМИНОБОД САФИ БЕКОРОН КАМ ГАРДИД
Мӯъминобод, 27 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бо мақсади таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, дар ноҳияи Мӯъминобод аз тарафи шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд. Раҳмон Икромов сардори шӯъбаи мазкур гуфт, ки дар ярмарка 9 ташкилоту муассисаҳои ноҳия 122 ҷои кори холиро пешкаши корҷӯён намуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ярмарка 230 нафар корҷӯён ширкат варзиданд, ки аз онҳо 9 нафар ба ҷои кори доимӣ 50 нафари дигар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ба ташкилоту муассисаҳои ноҳия роҳхат гирифтанд. Гуфта мешавад, ки мувофиқи дурнамо 1700 ҷойҳои кори нав аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳои ноҳия таъсис хоҳанд ёфт. Икромов афзуд, ки дар ноҳия чунин ярмарка то инҷониб 8 маротиба гузаронида шуда, дар натиҷа 92 нафар ба кор таъмин гардиданд, ки аз ин 34 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






