ДАР МАҲАЛЛАИ 63 ҶАСАД ЁФТ ШУД

Май 7, 2009 09:34

                   Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Бар асари боронҳои рӯзи 5 майи соли ҷорӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе хисорот ворид гардид.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмурод Забиров иттилоъ дод, дар ҳудуди ноҳияи И. Сомонӣ дар кӯчаи Х. Назаров 4 хонаи истиқоматӣ, дар кӯчаи Ойгул 2 хонаи истиқоматӣ ва дар кӯчаи Чкаловск 1 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гардид.                  Инчунин бояд қайд намуд, ки Мустафо Саидов соли таваллудаш 1989, донишҷӯи курси дуюми ДДМТ, аз қишлоқи Қандаки шаҳри Роғун буда, дар дарёи Душанбе ғарқ шуд. Ҷасади номбурдаро дар маҳалаи 63-и шаҳри Душанбе дарёфтанд.  

Май 7, 2009 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд