ДАР МАСКАВ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СҲШ БАРГУЗОР МЕГАРДА

Май 12, 2009 14:20

                    Маскав, 12 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 15 май дар шаҳри Маскав маҷлиси вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Рӯзномаи он, аз ҷумла, масъалаи омода сохтани мулоқоти сарони давлатҳои аъзои созмонро моҳи июни соли равон дар шаҳри Екатеринбург дар бар мегирад. Вазирон лоиҳаи Эъломия, Баёнияи муштарак ва ҳуҷҷатҳои дигари дар ин мулоқот муҳокимашавандаро баррасӣ менамоянд.                 Инчунин нақшаҳои ояндаи густариши фаъолияти созмон ва тавсиаи равобити он бо созмонҳои дигари байналхалқӣ ва давлатҳо, вазъияти ҷаҳон ва минтақа баррасӣ карда хоҳанд шуд.                 Аз Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ иштирок хоҳад кард.

Май 12, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид