ДАР НАТИҶАИ ОФАТИ ТАБИӢ 700 ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ ЗАРАР ДИД

Май 15, 2009 14:55

                       Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов оид ба рафъи оқибатҳои офати табиии машварати корӣ баргузор гардид.                     Дар машварат ҳисоботи шахсони масъул шунида шуда, маълум гардид, ки боришоти пай дар пайи моҳҳои охир ба иқтисодиёти мамлакат ҳисороти зиёд ворид кардааст.                       Аз рӯи ахбороти расида то санаи 12- уми майи соли равон бар асари боришоти зиёд , жола ва баландшавии сатҳи обҳо дар мамлакат пурраю қисман зиёда аз 700 манзили истиқоматӣ зарар дида , 62 км роҳҳои нақлиётгард ва 72 км иншооти обёрӣ хароб шудааст. Ҳамзамон бар асари офати таббиӣ шумораи зиёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар дидаанд. Боришоти зиёди шаби 14- ум ба 15- уми моҳи майи соли равон низ ба хоҷагии халқи мамлакат ҳисороти зиёд расонид, ки зарари он муайян карда мешавад.                       Оқил Оқилов барои рафъи бетаъхири оқибатҳои офати табиӣ, муайян кардани шумораи умумии зарардидагон ва расонидани кўмакҳои аввалия ба аҳолии минтақаҳои зарардида ба масъулини вазорату идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо дода, онҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои босифати корҳои барқарорсозӣ ва кўмак ба аҳолии зарардида чораҳои зарурӣ андешанд.  

Май 15, 2009 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид