ДАР ПОЙТАХТ НИГОҲ ДОШТАНИ ЧОРВО ВА МУРҒОН МАНЪ КАРДА МЕШАВАД

Май 20, 2009 16:42

                        Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).- 19 май раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбарони корхонаю муассисаҳои хизматрасонии шаҳр маҷлис гузаронд. Дар маҷлис М. Убайдуллоев дар асоси қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ки онро палатаи болоии парлумони мамлакат 18 май тасдиқ кардааст, нигоҳ доштан ва парвариши чорвои калону хурди шохдор, инчунин харгӯш ва мурғи хонагиро дар ҳудуди шаҳр манъ намуд. «Фармони раиси шаҳр ба нигоҳ доштани саг, гурба ва паррандаҳои хонагӣ дахл намекунад, дар сурате ки соҳибони онҳо иҷозатномаи махсуси муассисаҳои байториро дошта бошанд»,- қайд намуд раиси шаҳр дар рафти маҷлис.                     Котиби матбуотии раиси шаҳр Шавкат Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ҳадафи фармон дар шаҳри Душанбе ҷорӣ кардани қоидаҳои санитарӣ ва пешгирии бемориҳои гузаранда мебошад. «Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2010 эътибор пайдо мекунад ва барои иҷро накардани он мувофиқи қонун ҷазо дода хоҳад шуд».

Май 20, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад