ДАР РУСИЯ ҲАР СОЛ 30 ҲАЗОР НАФАР НАШЪАМАНД ҲАЛОК МЕШАВАД

Май 14, 2009 15:01

                       Маскав, 14 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). — 13 май маҷлиси гурӯҳи кории Кумитаи давлатии мубориза ба муқобили маводи нашъадори Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар он сабабҳо, хусусиятҳо ва оқибатҳои интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон ба ин мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, 180 гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни афғон маводи нашъадор, хусусан героинро ба Русия интиқол медиҳанд. Ҳар кадоми ин гурӯҳҳо нишони махсуси моли худро дорад. Аз аввали сол дар Русия тақрибан 300 миллион воя маводи нашъадори героин мусодира карда шуд. Ин ба ҳар шаҳрванди Русия, аз ҷумла, кӯдакони навзод дувоягӣ рост меояд. Дар натиҷа ҳар сол дар мамлакат бар асари истеъмоли маводи нашъадор 30 ҳазор нафар ҳалок мешавад, гуфт раиси Кумитаи давлатии мубориза ба муқобили маводи нашъадор, директори Хадамоти федералии назорати маводи нашъадор Виктор Иванов.                        Қайд карда шуд, ки хариду фурӯш ва паҳн намудани маводи нашъадор ҳам барои Русия ва ҳам барои Афғонистон проблемаи умумӣ ба шумор меравад. Ин зуҳуроти номатлубро танҳо бо роҳи ҳамкории фаъолонаю самарабахши ҳар ду кишвар барҳам додан мумкин аст. Дар давоми панҷ моҳи соли равон дар Русия нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд героин ва хашиш мусодира карда шуд.                       В.Иванов таъкид кард, ки дар чунин шароити ногувор вазъияти Афғонистон ба таври қатъӣ таҳлил намуда, сабабу оқибатҳои он муайян карда ва тадбирҳои самарабахш андешида шаванд.                       Дар маҷлис намояндагони роҳбарияти олии Афғонистон, аз ҷумла, ноиби президенти он Карим Халилӣ, вазири мубориза ба муқобили маводи нашъадор Эҳсонулло Ҷовид Худойдод ва шахсони дигари расмӣ иштирок намуданд.

Май 14, 2009 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад