ДАР РУСИЯ МУАССИСАИ НАВИ КОР БО МУҲОҶИРОН ТАШКИЛ МЕШАВАД

Май 18, 2009 11:43

                        Маскав, 18 май. (АМИТ «Ховар» — РИА «Новости»). — Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия барои осонтар сохтани ҳалли проблемаҳои коргарони муҳоҷир, аз байн бурдани теъдоди зиёди миёнаравҳо ва тамоили ришвахӯрӣ қарор дод, ки Муассисаи махсуси давлатии федералии воҳиди кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис диҳад. Қайд карда мешавад, ки маблағи хизматрасонӣ ба муҳоҷирони хориҷӣ бештар аз 30 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки теъдоди ташкилоту муассисаҳои миёнарав ва ришвахӯрон дар соҳаи хизматрасонӣ ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ зиёд гардад.                       Директори Хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский изҳор намуд, ки баъзе вазифаҳои хадамот, аз ҷумла, муқаррар намудани ҳаҷми талабот ба қувваи корӣ дар минтақаҳои мамлакат ба зиммаи муассисаи нав гузошта хоҳад шуд. Инчунин, ба ақидаи Ромоданоский, тартиби додани шаҳодатномаи тиббиро ба коргарони муҳоҷир тағйир додан зарур аст. Коргарони муҳоҷир шаҳодатномаи тиббиро бояд пеш аз вуруд ба қаламрави мамлакат пешниҳод намояд, гуфт вай.                       Мувофиқи қонунгузории Русия, коргари муҳоҷире, ки барои кор иҷозатнома гирифтааст, бояд дар давоми 30 шабонарӯз ба муассисаҳои Хадамоти федералии муҳоҷират дар бораи вазъи саломатиаш, инчунин, гирифтор нашуданаш ба бемориҳои гузаранда, ВИЧ/СПИД ва нашъамандӣ ҳуҷҷати дахлдор пешниҳод намояд. Мо бояд пеш аз ҳама асолати чунин ҳуҷҷатҳоро тафтиш кунем, гуфт К.Ромодановский.

Май 18, 2009 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид