ДАР СУҒД КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ЛАМПА СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева)- Аз аввали моҳи майи соли 2009 дар қаламрави вилояти Суғд маъракаи ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ гузаштан оғоз гардид. Дар ин бора Раиси вилоят Қоҳир Расулзода, қарор имзо кард. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд иттиллоъ доданд, мувофиқи он раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеъияташон то охири соли ҷорӣ ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ мегузаранд. Ҳамзамон ниҳодҳои масъули давлатӣ вазифадор шуданд, ки 88 ҳазор оилаи камбизоати вилоятро бо лампаҳои номбурда таъмин кунанд. Тибқи ин қарор баъзе ташкилотҳои дахлдор муваззаф гаштанд, ки дар давоми соли 2009-2011 бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ як корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқиро дар ҳудуди вилоят сохта ба истифода диҳанд. Ёдрас мешавем, ки дар бобати сарфаҷӯёна истифода кардани нерӯи барқ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қабул карда шуд. Қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади иҷрои ҳамин фармони Сардори давлат қабул шудааст.








Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд






