ДАР ТЕМУРМАЛИК БОЗОРИ НАВ БУНЁД ХОҲАД ЁФТ
Темурмалик, 15 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Аз тарафи ҷамъияти матлуботи ноҳияи Темурмалик дар маркази ноҳия бозори нав бунёд хоҳад ёфт. Тавре раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия Анвар Миралиев иброз дошт, айни ҳол корҳои сохтмонӣ идома дошта, бозори нав барои 200 ҷойи нишаст ва 100 мағоза ба нақша гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин манбаъ дар кори сохтмон маблағи 62000 сомонӣ масраф гардида, саҳмгузорони он ҷамъияти матлубот ва соҳибкорон мебошанд. Масоҳати бозор 2 гектарро дар бар гирифта, баҳри ба итмом расидани он маблағи 600 ҳазор сомонӣ зарур меояд. Ҷамъияти матлубот тасмим гирифтааст бозори навро то 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода диҳад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






