ДАР ТИФЛИС БА БИНОИ ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИ МУХОЛИФОН ГРАНАТА ПАРТОФТАНД
Тифлис, 25 май. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Тибқи хабарҳои аз Гурҷистон расида, шаби душанбе дар бинои шабакаи телевизиони мухолифони ҳукумати мамлакат — «Маэстро» таркиш рух дод. Ин воқеа тақрибан соати 3 — и шаб, дар вақти намоиши барномаи мустақими ҷамъиятию сиёсии «Камераи рақами 5 — ум» ба амал омад. Шахсони номаълум аз берун ба ҳавлии бинои шабакаи телевизионӣ граната партофтанд. Дар бораи осебдидагон то ҳол ягон хабар нарасидааст. Сухангӯи шабакаи телевизионии «Маэстро» Заза Папуашвили ин воқеаро шарҳ дода, гуфт, ки дар мамлакат маъракаи террор давом дорад. Шабакаи телевизионии «Маэстро» аз ҷараёни намоишҳои эътирозии мухолифини ҳукумат барномаҳои мустақим пахш менамояд, ки истеъфои президент Саакашвилиро талаб менамоянд. Муаллифи барномаи «Камераи рақами 5 — ум» овозхони гурҷӣ Георгий Гачечиладзе мебошад, ки бародари яке аз роҳбарони мухолифон Левон Гачечиладзе аст. Ёдовар мешавем, ки намоишҳои эътирозӣ дар Гурҷистон аз аввали моҳи апрели соли равон давом доранд. Мухолифон истеъфои М.Саакашвили ва гузаронидани интихоботи ғайринавбатии парлумону президентро талаб мекунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






