ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД 27 ҲАЗОР НАФАР МАКТАБРО ХАТМ ХОҲАНД КАРД

Май 25, 2009 15:17

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар ҳудуди вилояти Суғд 894 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, соли ҷорӣ 702 мактаби таҳсилоти ҳамагониро зиёда аз 27 ҳазор нафар хонандагон хатм мекунанд, ки беш аз 13 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.                        Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода толибилмонро бо рӯзи хатми мактаб табрик намуда, зикр кард, ки дар давоми соли хониши сипаришуда кори мактабҳои таҳсилоти умумӣ беҳтар ва дастовардҳои омӯзгорону хонандагони вилоят бештар гардид. Аз ҷумла, 46 нафар хатмкунандаи мактабҳои вилоят дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ сазовори ҷойҳои фахрӣ ва ба гирифтани тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ мушарраф гардиданд. Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди фанҳо 22 нафар хонандаи мактабҳои вилоят ба гирифтани ҷойҳои аввал ноил гардиданд, ки ин дар ҷумҳурӣ нишондиҳандаи беҳтарин аст. Имсол низ ғолибият дар озмуни касбии ҷумҳуриявии «»Муаллими сол» насиби намояндаи вилояти Суғд гардид.  

Май 25, 2009 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид