ДАСТУРИ НАВИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқияи махсуси телефонӣ равона намуд, ки дар он омадааст: «Бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар баёни мардум дастур медиҳам, ки портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Президенти мамлакат аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳои мошингард гирифта шаванд. Ҳамчунин лавҳаю овезаҳои сипосгузорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарон, ки дар ёдгориҳои таърихӣ, мақбара ва мазорҳо гузошта шудаанд, гирифта шаванд. Минбаъд дар кадом шакл гузоштани аксҳои Роҳбари давлат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






