ДАЪВОИ ҶСШК «САНГТӮДА-1» БЕАСОС АСТ
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сардори хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» нозир Ёдгорӣ телефонӣ бобати он ки дар матбуоти ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он пайдо шудани хабар дар бораи даъвои он, ки мушкилоти асосии идомаи сохтмони «Сангтӯда-1» дар он аст, ки қарзи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» пардохт нашудааст, асоси воқеӣ надорад. Гап сари он аст, ки маблағи сметаи хароҷоти сохтмон дигар асту пардохти ҳаққи барқ дигар. Дар сметаи хароҷот нишон дода нашудааст, ки як қисми сохтмон бояд аз ҳисоби фурӯши барқ ба анҷом расонида шавад. Баръакс, маблағи муштараки хароҷоти сохтмон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷудо карда ба ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» пардохт шудааст. Аз ин хотир, ҶСШК нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» барои манъ кардани корҳо дар сохтмон бояд асосҳои раднашаванда дошта бошад. Дар бобати қарзи барқ бошад, имрӯзҳо дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорахои оҷилӣ, аз ҷумла ҷудо кардани қарзи имтиёзнок андешида мешавад.-Ширкати «Барқи тоҷик» дар мӯҳлати наздиктарин дар асоси протоколи то ин вақт ба имзорасонида маблағи қарзро пардохт хоҳад кард,-афзуд Нозир Ёдорӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






