ДЕҲҚОНИРО АЗ АШӮРОВ С. БОЯД ОМӮХТ
Cуғд, 27 май.(АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ).-Собирҷон Ашӯров дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун сабзавоткори номӣ дар тамоми Ҷумхурии Тоҷикистон ном бароварда аст. Вай собиқ дастпарвари университети «Дӯстии Халқхо»-и шаҳри Тошканд мебошад. Бо ихтисоси иқтисодчии аграрӣ солиёни зиёд дар Русия дар соҳаи кишоварзӣ кор карда таҷрибаи даркорӣ андухтааст.Чанд сол инҷониб бо пешниҳоди вазорати кишоварзии ҷумҳуриямон ба ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд омада кору фаъолият мебарад. Таҷрибаи бойи худро ба дигарон меомӯзонад.Инак имсол у 10 га замин грифта киштукори барвақтии сабзавотҳои полезиро оғоз намудааст. Тухмиҳои даркориро аз агрофирмаи «ГАВРИШ» ва агрофирмаи «ПОИСК»-и Россия пешакӣ оварда захира намудааст. Ҳоло сабзавотҳои коридаи Собирҷон Ашӯров саропо гулу гура бастаанд. Ду навъи сабзӣ «ШАНТАНЕ» ва «ВИЛМАРИН», тарбузҳои навъи ДУМАРА ва ТРАФИН-и голландӣ, 17- намуди помидор, ки беҳтарин навъаш «Русский-размер» буда аз 1га замин 140-150 тонна ҳосил медодааст. Инчунин харбуза, , ҷувории сафеди ошӣ, як чанд намуди лаблабу, карамҳои сафед, сурх, гулкарам, каланфури булгории «ЗОЛОТОЕ ЧУДО», нахуд, лубиё, каду, (навъхои ПАРИЖСКАЯ, МАКСИМ, БОЛЬШОЕ ЧУДО) корида аст. Диққати моро беш аз хама чуворимаккаи навъи «ХРУШЁВКА» ба худ ҷалб намуд. Баландии он беш аз 4 м. шуда аз як бех 15-20кг ҳосили донаи чуворимакка руёнидан мумкин аст. Масулотҳои рӯёнидаи Собирҷон ва ҳамсари ӯ Санавбар Раҳимова дар озмунҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ чойҳои аввалинро ишғол карда, тамошобинонро ба ҳайрат гузоштааст. Собирҷон Ашӯров бо санъати волои худ метавонад аз як замин дар як вақт 5-6 намуд сабзавоти полезӣ ва ҷуворимакка корида ҳосили аъло рӯёнад. Ҷӯякҳои обгузари бодиринги зери плёнкагӣ дар мобайн ва аз ду тараф чуворимакка, помидор, лаблабу, ва ҷуворӣ хеле хуб ҷобаҷо гузошта шудаанд. Об кам масраф мешавад. Таҷрибаи Собирҷон Ашӯровро дар вилояти Суғд кишоварзони зиёде омӯхта истодаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






