ДИЛШОД НАЗАРОВ СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ГАРДИД

Май 22, 2009 10:45

                       Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Варзишгари маъруфи тоҷик, гурзпарто, иштирокчии Бозиҳои тобистонаи Олимпии Пекин Дилшод Назаров дар Рио — де — Жанейро дар мусобиқаи байналхалқии гурзпартоён ширкат варзида, ҷои дуюмро ишғол намуд ва сазовори медали нуқра гардид.                      Вай гурзро ба масофаи 77,77 метр партофта, баъди варзишгари словениягӣ Примошу Козмус ҷои дуюмро ишғол кард. П.Козмус гурзро ба масофаи 81,77 метр партофт. Ҷои сеюмро дар ин мусобиқа намояндаи Лаҳистон Шимон Циолковский ишғол намуд.                        Д.Назаров дар Бразилия боз дар ду мусобиқа иштирок хоҳад кард. Вай ният дорад, ки моҳи август дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии Берлин ширкат варзад.

Май 22, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст