ДОДАНИ НАФАҚА БА ТАЪХИР МЕАФТАД
Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо сабаби сари вақт напардохтани андози суғуртаи иҷтимоии нафақа ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ, додани нафақапулӣ дар тамоми чумҳурӣ қафо мемонад,- иброз дошт сармутахассиси шӯъбаи сиёсати нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Рустам Ҷамолов. Бисёр корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ ба мушкилоти молиявӣ гирифторанд ва ин хоҳу нохоҳ ба гузаронидани саривақтии маблағи суғуртаи иҷтимоӣ таъсири худро мерасонад. Дар вилояти Суғд моҳи марти соли ҷорӣ корхонаю муассисаҳо, идораю ташкилотҳои андозсупор аз фонди нафақаи ҷумҳурӣ 8 млн. сомонӣ қарздоранд. Дар вилоят як қисми корхонаҳо кор намекунанд, қисми дигари онҳо молашонро фурӯхта наметавонанд, ки ин боиси саривақт напардохтани андози суғуртаи иҷтимоӣ гардидааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






