ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БА ТОЛЯТТИ МЕРАВАНД Ё НЕ?

Май 28, 2009 15:55

                         Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Ҳайати намояндагони Тоҷикистон чанд рӯз пеш зимни сафари вилояти Самараи Русия дар шаҳри Толятти бо директори техникуми мошинсозии ин шаҳр Анатолий Малин мулоқот карданд.                        Вохӯрӣ бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷиратии ВКД ҶТ таҳти роҳбарии сардори РМ ВКД ҶТ Сафиулло Девонаев бо иштироки намояндагони Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи Кушод-Бунёди мадад» дар Тоҷикистон, Агентии ҳамкориҳои техникӣ дар Тоҷикистон, Ҷамъияти маърифати калонсолони Тоҷикистон, намояндагони ВАО, раисони ҷамъияти тоҷикони вилоятҳои Самара, Оренбург, Толятти баргузор гардид.                        Дар рафти вохӯрӣ имконияти тайёр кардани мутахассисон аз ҷумлаи ҷавонони тоҷик дар техникуми зикршуда муҳокима карда шуд. Роҳбарияти техникум дар бораи проблемаҳои муайяни вобаста ба шароити зиндагӣ, ба дараҷаи кофӣ надонистани забони русӣ ва андози баланд барои шаҳрвандони хориҷӣ сухан ронд. Директори техникум, қайд намуд, ки Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ бояд ин масъаларо ҳамроҳи волии вилояти Самара мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Май 28, 2009 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид