ДОНИШҶӮЁНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ РУСИЯ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Хуҷанд, 21 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Муовини консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, номзади илми таърих Андрей Ивашев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки имсол аз вилояти Суғд ба мактабҳои олии Русия сад нафар дастпарварони мактабҳои миёна фиристода мешаванд. Онҳо дар натиҷаи озмун интихоб карда шуданд ва ба мактабҳои олии Русия бе имтиҳон дохил мегарданд. Хабар дода шуд, ки соли 2009 дар мактабҳои олии Русия барои хатмкунандагони мактабҳои вилояти Суғд 125 ҷой ҷудо карда шуд. Барои интихоби дохилшавандагон дар ҳайати консули генералии Федератсияи Русия дар Хуҷанд Азим Ёраҳмадов ва намояндагони хамаи 12 маркази фарҳангии дар вилояти Суғдбуда комиссияи махсус ташкил карда шуд. Тавре ки маълум аст, донишҷӯёни тоҷик дар ҳамаи мактабҳои олии Русия бо стипендия, ҷойи хоб ва шароити дигар таъмин карда мешаванд. Онҳо асосан дар Донишгоҳи давлатии табъу нашри Маскав, Донишгоҳи давлатии Волгоград, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Калуга ба номи Циолковский, Донишгоҳи давлатии нафту гази Тюмен ва ғайра таҳсил хоҳанд кард, гуфт дар хотима муовини консули Русия.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






