ДУШАНБЕ «ПАНҶ СИТОРА»-РО ДАР САТҲИ БАЛАНД ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД
Душанбе, 22 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва баргузоррии Озмуни байналмилалии сарояндагони ҷавони мусиқии маъмули кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтика «Панҷ ситора». Интервизион» («Пять звёздь. Интервидения») бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тасдиқ шуд. Тибқи он то рӯзи баргузории озмуни байналмилалии «Панҷ ситора» 27-30 август корҳои ороишӣ, ба тартиб овардани кӯчаву хиёбонҳо ва маҳали баргузории чорабиниҳои озмун, таҳия ва ташкили рекламаи берунӣ дар ҷойҳои муқарраргардида, ташкили бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар корҳои ташкилӣ ба анҷом расонида мешавад. Дар робита, муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои пойтахт муваззаф гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






