ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАК ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ
ЭЪЛОМИЯИ МУШТАРАК оид ба густариши муиосибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватия, ки минбаъд Тарафҳо ном бурда мешаванд, Бо таъкиди тааҳҳуди худ ба аҳдофу усули Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади ниҳоии Ҳелсинки ва Маншури Париж барои Аврупои Нав ва тааҳҳудоти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Бо эътирофи он, ки сулҳ, демократия ва амният ормонҳои муштараки онҳо мебошанд, Бо таъйиди он, ки асли дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ муносибатҳоро байни давлатҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо танзим менамояд, ҳамкориро байни халқҳои тоҷику хорват дар заминаи асноди он Созмон меафзояд, ки ин манфиатҳои ҷавҳарии ду халқро ифода карда, кафолати сулҳ тараққиёт ва амният мебошад, Бо саъй ба барқарор намудани муносибатҳои сифатан нав ва мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, густариши ҳамкорӣ ва ғайра, Ба манзури эҷоди муҳит ва имкониятҳои нав барои тавсиаи мутақобилан судманди муносибатҳо, Эълом медоранд: Ду Давлат омодаанд, ки дар чаҳорчуби ёдшуда, дар чунин соҳаҳо ба монанди сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ, энергетика, нақлиёт, муҳити зист, маориф, кишоварзӣ ва туризм, бо ҳамоҳанг кардани мақомоти салоҳиятдори худ ва ба мақсади бар поя и усул, арзиш ва манфиатҳои муштарак таҳия намудани сиёсатҳо ҳамкорӣ кунанд. Тарафҳо ҳамкории дуҷонибаро бар пояи усули пазируфтаи ҷаҳонӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии ҳар ду давлат, дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар ва тааҳҳуд ба арзишҳои демократӣ густариш медиҳанд. Тарафҳо таъйид менамоянд, ки ҳамкории устувор байни ду кишвар омили мусбат барои нигоҳ доштани сулҳу субот мебошад. Онҳо инчунин аҳамияти ҳалли масъалаҳоро аз тариқи гуфтугӯи мусолиматомез муҷаддадан таъйид менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории худро ба кушишҳои Ҷумҳурии Хорватия ва Ҳукумати он ҷиҳати ташвиқ ва таҳким додани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ дар минтақа таъкид менамояд. Ҷумҳурии Хорватия ҷонибдории худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати он дар кӯшишҳои он ҷиҳати таҳким додани демократия ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ изҳор медорад. Тарафҳо аҳамияти ҳамкории иқтисодиро байни ду давлат эътироф мекунанд. Қapop шудааст, ки он ҳамкорӣ аз тариқи ташвиқи ниҳодӣ бештар мавриди мусоидат қарор гирад. Бо таваҷҷӯҳ ба имкониятҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон, салоҳ дониста шуд, ки ҳамкорӣ дар ин бахш низ оғоз гардад. Тарафҳо зарурати ташвиқи корхонаҳои муштарак ва сармоягузориро дар Тоҷикистон ва Хорватия таъкид мекунанд. Тарафҳо омодагии худро ба вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, васоити ахбори омма, варзиш, туризм, муҳити зист ва тандурустӣ изҳор менамоянд. Тарафҳо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму фанноварӣ аҳамият медиҳанд. Тарафҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона, қочоқи маводди мухаддир, одамон ва силоҳ таъкид менамоянд. Тарафҳо фикри мубодилаи иттилоотро дар ин соҳа ҷонибдорӣ карда, барои таъмин намудани субот, амнияти минтақави Ба байналмилали тадбирҳо меандешанд. Тарафҳо кушишҳои байналмилалиро ҷиҳати эҷоди сулҳу субот дар Афғонистон, таҷдид ва барқарорсозии он, расонидани ёрии башардустона ва техники, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва силоҳ, мусоидат ба амният ба шукуфои дар ин кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Хорватия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо таъкиди сипос аз истиқболи самими ва карами меҳмоннавози, даъват намуд, то аз Ҷумҳурии Хорватия боздиди расмии ҷавобӣ анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватро бо камоли сипос пазируфт. Тафсилоти боздид аз тариқи каналҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳад шуд. ПРЕЗИДЕНТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН СТЕПАН МЕСИЧ








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






